Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Эмомалӣ Раҳмон шарти аслии мансабдори баландпоя шуданро гуфт

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни таъини кардҳои нав бо мансабдорон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дирӯз, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои гуногун таъин гардиданд, мансабдоронро ба хизмати софдилона даъват кард. 

Бино ба гузориши котибот, Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид кардааст, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок: Раҳмон гуфт аз раҳбарони нав чӣ мехоҳад

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намудааст.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон якқатор масъулини мақомоти қудратиро ҷо ба ҷо кард

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд” – таъкид намудааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Президент раиси ноҳияи Ишкошимро аз вазифа озод кард

Раисиҷумҳур гуфтааст, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон бо 5 амр масъулини баландпояи Шӯрои амниятро барканору таъин кард

Ҳамчунин, раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мансабдорон бояд ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.

Лентаи хабарҳо
0