Навори ВУД: куштори мӯйсафедон дар масҷиди Файзобод баъди баҳси пулдуздӣ-видео

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кордкашии Акобир Ҳакимови 82-соларо дар масҷиди ба номи Шамси Табрезии ноҳияи Файзобод, ки бо марги Каримовҳо, падару писари солхӯрда анҷомид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Ҳакимов Акобири 82-сола, сокини деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, ки қаблан барои қатли ҳамсараш 18 сол маҳбасӣ будааст, ахиран дар масҷид ду ҳамдеҳаашро корд задааст.

Манбаъ афзуд, ки Ҳакимов пас аз адои намози пешин, бо гумони он, ки гӯиё ҳамдеҳагонаш Камолов Мирзои 79-сола ва писари ӯ Камолов Карими 50-сола маблағи ӯро дуздидаанд, бо корд се бор ба гардани Мирзо Камолов ва як маротиба ба гардани Карим Камолов задааст.

Мирзо Камолов дар саҳни масҷид ҷон дода, Карим Камолов дар беморхона баъди чанд рӯзи ҳодиса даргузаштааст.

Драка - Sputnik Тоҷикистон
Рафиқашонро куштанд: навори занозании муҳоҷирон дар назди метро дар Маскав - Видео

Фаттоҳ Шокиров, шоҳиди ҳодиса дар гузориши ВУД гуфт, Ҳакимов ҳамдеҳааш мӯйсафеди 79-соларо дар дуздии ҳамёнаш гунаҳкор кардааст. Писари Каримов аз Ҳакимов исботи гунаҳкор будани падарашро хостааст ва Ҳакимов изҳор доштааст, ки метавонад исбот кунад. Муттаҳам сипас кордро гирифта, нахуст писарро корд задааст ва сипас падари солхӯрдаашро, гуфт шоҳид дар гузориши ВУД.

Худи муттаҳам дар ин гузориш изҳор медорад, ки ӯро дар дохили масҷид лат карданд ва ӯ ночор бо корд онҳоро задааст.

ВКД таъкид кардааст, ки Карим Камолов дар беморхона бистарӣ шудааст, аммо сомонаи “Ахбор” қаблан аз қавли сокинони маҳаллӣ иттилоъ дод, ки ҷабрдидаи дуюм низ дар бемористон даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0