Дар кӯлҳо зиёду дар Хоруғ кам: Фароғатов барои моҳибиёрӣ ба мақомот мошин дод

© PixabayРыба выглядывает из воды, архивное фото
Рыба выглядывает из воды, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор Идибек Фароғатов барои таъмини фаровонии моҳии ҷавобгӯй ба талабот дар бозорҳои Хоруғ мошини яхдондор харида ба мақомоти вилоят дод

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Идибек Фароғатов мошини дорои яхдон, ки нархи он 70 ҳазор сомонӣ аст, харида, ба  ихтиёри раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошт, хабар додааст "Ховар".

Манбаъ аз қавли сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев хабар дод, ки ҳарчанд  дар кӯлҳои вилояти Бадахшон моҳии фаровон мавҷуд аст, аммо дар бозору дигар фурӯшгоҳҳои шаҳр  гӯшти моҳӣ пайдо кардан ғайриимкон аст.

"Агар пайдо ҳам кунед, сифаташ хуб нест. Тақдими мошини дорои яхдон  минбаъд ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки онҳо бозору дӯкон ва ошхонаву қаҳвахонаҳои шаҳрро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоянд. Азбаски масофа байни кӯлҳои вилоят ва  маркази шаҳр 250-300 километрро ташкил медиҳад, моҳидорон аз интиқоли он худдорӣ меварзанд. Зеро бар асари гармии ҳаво гӯшти он вайрон мегардад ва соҳибкор ба ҷои фоида аз тиҷорати худ зарар мебинад", - изҳор доштааст Назаралиев.

Ӯ афзудааст, ки барои ҷуброни зиён соҳибкор маҷбур аст, ки нархи моҳиро боло барад ва гаронии нарх ба фурӯши саривақтии он монеъ мешавад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳити зисти вилоят оби кӯлҳои Зоркӯл, Яшикӯл, Сарез ва Трумкӯл мусаффо ва пок буда, барои парвариши яке аз беҳтарин намудҳои моҳӣ- гулмоҳӣ  мувофиқ мебошанд. Иқтидори захираи обии ин кӯлҳо имконият медиҳад, ки моҳидорон дар як сол то 40 ҳазор тонна гулмоҳӣ парвариш карда, ба бозор бароранд, навиштааст "Ховар".

Мулкамон Назаралиев таъкид намудааст, соҳибкороне, ки ба хариду фурӯши гӯшти моҳӣ ва чорво аз ноҳияҳои дурдасти вилоят машғул мебошанд, метавонанд аз ин мошин истифода баранду барои дастрас кардани мошини мазкур ва иҷозатнома барои шикори моҳӣ ба Раёсати ҳифзи муҳити вилоят муроҷиат намоянд.

Лентаи хабарҳо
0