Соли 1822 дар паи заминҷунбӣ дар Сурия беш аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар истиқомат мекарданд.
Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.
Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Олмон бардошта шуд.
Соли 1926 миёни Италия ва Испания созишномаи сулҳ ба имзо расид.
Соли 1949 аввалин маротиба дар Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торонтои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.
Соли 1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.
Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.
Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.
Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.
Ҷашнҳои рӯзи 10 август
Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон
Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият
Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
- Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.
- Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.
- Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
- Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.
- Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.
- Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
- Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.
- Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.
- Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
- Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.
- Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.
- Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
- Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.
- Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.
- Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.
- Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.
- Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
- Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.
- Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.
- Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.
- Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.
- Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.
- Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.