ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар бораи парвандаҳое, ки пас аз ҳамла ва мавриди муҳосира қарор гирифтани бошишгоҳи Отамбоев ва билохира таслим шудани худи ӯ оғоз гардидаанд, гузориш доданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Зимнан, чандин нафар ҷонибдорони собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ва инчунин вакилони Жегорку Кенеш: Асел Кодуронова, Ирина Карамушкина ва писари Отамбоев - Сейитбекро мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Гузашта аз ин мушовири собиқ президент - Фарид Ниёзов, сардори Ситоди марказии мардум Кяз Смалиев, Алга Киличев ва Амантур Жамчирчиев боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отмабоев низ пас аз таслим шудан ба мақомоти амниятӣ, то 26 - уми август дар боздошт мемонад.
Ёдовар мешавем, ки кӯшиш боздошт намудани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон давоми ду рӯз тӯл кашид, ки дар натиҷаи задухӯрд миёни ҷонибдорони Отамбоев ва низомиёни дастаи таъиноти махсус дасти кам 1 нафар чон аз даст дод ва 136 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.