Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Президент раиси ноҳияи Ишкошимро аз вазифа озод кард

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар якқатор сохторҳои ҳукумати кишвар тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ишкошим Самадзода Зикрихудоро аз вазифааш озод кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, ба вазифаи Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон якқатор масъулини мақомоти қудратиро ҷо ба ҷо кард

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардидааст, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0