Хушхабар: се кӯдаки бедаракшуда аз як оила ёфт шуданд

© PixabayДевочка плачет, архивное фото
Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се наврас аз оилаи Мирзоевҳо пайдо ва ба волидонашон баргардонида шуданд. онҳо се рӯз ба оворагардӣ машғул буданд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Кормандони милитсия рӯзи 9 - уми август се наврас аз як оила, ки чанд рӯз қабл бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд.

Мальчишки верхом на осле в Шахристанском районе Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асрори гумшавии Исмоилҷон, сокини ноболиғи Душанбе: муттаҳам боздошт шуд – видео

Ин се наврас акаю додар буда сокинони кӯчаи Хоруғи шаҳри Душанбе ҳастанд.

Кумакхоҳии модар барои пайдо кардани се кӯдаки бедаракшудааш дар Душанбе-акс

Қаблан Радиои "Ватан" дар сафҳаи фейсбукии худ хабари гум шудани се кӯдак аз як оиларо нашр намуда буд.

Дар хабар гуфта мешуд, ки модари ин кӯдакон Сарагул Сироҷова аз тамоми сокинони Душанбе барои пайдо намудани кӯдаконаш  кӯмак талаб  мекунад.

Сӯҳроб, Рустам ва Худойдод Мирзоевҳо, ки 11, 8 ва 4 сол доранд,  рӯзи 5 - уми август аз хона баромада дигар барнагаштанд.

Эълони ҷустуҷӯи Гулнигор, Саймурод ва Суннатулло тариқи телевизион - видео

Радиои Ватан хабар дод, ки ин се акаю додар давоми 4 рӯз дар пойтахт оворагардӣ мекарданд.

Соли гузашта бародари калонии онҳо Сӯҳробро мақомоти милитсия баъди як ҳафтаи чунин оворагардӣ пайдо карда, ба мактаби кӯдакони душвортарбия супориданд.

Лентаи хабарҳо
0