Ҳалокати навраси 16-сола ҳангоми гирифтани селфӣ дар Душанбе

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе як навраси 16 - сола аснои гирифтани селфӣ аз ошёнаи 14 - уми бинои баландошёна сарозер шуда ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе навраси 16 - сола ҳангоми гирифтани селфӣ аз бинои баландошёна ба замин сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст, хабар дод сомонаи ҳафтаномаи "Оила".

Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Духтари душанбегӣ ба Рашт ба меҳмонӣ рафт, вале ҳангоми селфӣ ба дарё ғарқ шуд

Бар хабари манбаъ, Абубакр бо ҳамроҳонаш бо мақсади суратгирӣ ба ошёнаи 14-уми яке аз биноҳои навсохт дар маҳаллаи Испечак баромадааст.

Селфӣ бо мори 5-метра қариб сари ҷангалбонро хӯрда буд

Ҷавонон бо шӯхию бозӣ дар ин бинои баландошёна селфӣ мекунанд, аммо ҳангоми суратгирӣ сари Абубакр чарх зада, ба чуқурие, ки барои ҷойгир кардани лифт канда шуда буд, сарозер шудаст,- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Путину арӯсон, бӯсаи Трамп, Медведев бо сайёҳон: 15 селфии машҳури сиёсатмадорон

Гуфта мешавад, дар натиҷа  устухонҳои навраси 16-сола аз чанд ҷой шикаста, номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Абубакри наврас барои харид намудани сару либос ва лавозимоти мактабӣ, дар давраи таътили тобистон дар ин сохтмон кор мекардаст.

Лентаи хабарҳо
0