Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро такон дод

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Архивное фото
Сейсмограф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази заминҷунбӣ 260 километр ҷануб шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон, рух дод. Дар натиҷаи заминҷунби касе осеб надидааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон соати шаши саҳар заминҷунбии 2-3 баллӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи вай, маркази заминҷунбӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҷойгир буда, он дар километри 259-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5,7  балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

“Заминларза 20-25 сония давом намуда, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд”, — зикр намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки се рӯз пеш заминларзаи 5,1 баллӣ дар шимолу шарқи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Маркази заминҷунбӣ 44 километр дуртар аз пойтахти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод, ки ин ҷо беш аз 44 ҳазор кас зиндагӣ дорад, воқеъ будааст.

Заминларза, ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки 30 километр шарқтар аз маркази заминҷунбӣ воқеъ аст, эҳсос шуда буд.

Маркази заминларза дар чуқурии 212 километр ҷойгир будааст.

Лентаи хабарҳо
0