https://sputnik.tj/20190808/Osmoni-beabr-changu-gubor-havoi-garm-obuhavo-imruz-Tojikiston--1029604913.html
Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон
Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 38-43 дараҷа мерасад 08.08.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-08-08T10:00+0500
2019-08-08T10:00+0500
2021-07-07T18:09+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/10/1029251004_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_64f19b659f1d2bb2cfd928792deb3ad8.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/10/1029251004_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f6a73320ca34d17547fb7baf7dcd0ea5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, чангу ғубор
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, чангу ғубор
Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон
10:00 08.08.2019 (Навсозишуда: 18:09 07.07.2021) Тибқи иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 38-43 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш мешавад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.