Изҳорот: Отамбоев гуфт дар ҳамла ба манзилаш кӣ даст дорад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото
Президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҳодисаи ба миён омада ҳукумати феълиро гунаҳкори асосӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба шабакаи телевизионии "Апрел" пас аз  ҳамла ба манзилаш изҳорот додааст, ки гунаҳкори асосӣ дар ин амалиёт ҳукумати феълӣ аст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон.

Вакили парлумон: Отамбоев боздошт нашудааст, ӯ худро дифоъ мекунад - видео

Бар хабари манбаъ, Отамбоев дар изҳороташ аз ҳукумати феълӣ даъват кардааст, ки ба хушунату зӯроварӣ хотима гузоранду дар ҷаҳорчӯби қонун амал кунанд.

Зимнан президенти собиқ аз мардуми Қирғизистон изҳори сипос намудаст, ки барои боздошт шудани ӯ монеагузорӣ карданд.

"Ман аз мардуми одии Қирғизистон миннатдорам, ки тирпаррониро дар наздикии хонаи ман шунида, тавонистанд, ки дар фурсати кӯтоҳ гирди манзилам ҷамъ оянд ва аз боздошти ман ҷилавгирӣ намоянд", - гуфтааст Отамбоев дар изҳороти худ.

Бывший президент КР Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Навори гаравгонгирии дастаи таъиноти махсус аз ҷониби тарафдорони Отамбоев

Гузашта аз ин собиқ раисҷумҳур аз он изҳори таассуф намуд, ки зимни ҳамла ба манзили зисташ, мардуми бегуноҳ ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи Отамбоев дар ин даргирӣ миёни ҷонибдорони ӯ ва дастаи таъиноти махсус як низомӣ кушта ва чанд тани дигар низ захмдор шуданд.

Дар ҳамлаи хунин ба бошишгоҳ, Отамбев ҳукумати феълиро айбдор намуда изҳор дошт, ки борҳо пешниҳод намудаст, ки тариқи хаттӣ ва ё ба воситаи ВАО шоҳидӣ диҳад.

"Ман омода ҳамстам ба дилхоҳ саволи онҳо посух гӯям, зеро аз ҷониби ман ягон қонунвайронкунӣ сурат нагирифтаст ва дар фасод ҳам дасти худро олуда накардаам", - гуфтааст Отамбоев.

Навори бозгашти Отамбоев ба Қирғизистон - видео

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ба бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дастаи таъиноти махсус ба хотири боздошт намудани Отамбоев ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 48 нафар ҷароҳат бардошта, як нафар аз дастаи таъиноти махсус аз тири силоҳ кушта шуд.

Теъдоди маҷрӯҳ дар натиҷаи ҳамла ба хонаи Отамбоев меафзояд: тафсилоти амалиёти хос

Бо вуҷуди кӯшишҳои дастаи таъиноти махсус ба онҳо муяссар нагардид, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоевро боздошт кунанд.

Лентаи хабарҳо
0