ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавондухтари 18-сола бо гумони дуздии телефони “HUAWEI-Y6 Prime 2018” аз дохили мағозаи соҳибкор боздошт карданд.
“Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ аризаи зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 1-уми августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш, воқеъ дар бозори “Баҳор”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “HUAWEI-Y6 Prime 2018”, ки арзишаш 2300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”, -таъкид намудааст манбаъ.
Дар вақти намозхонӣ ба дуздӣ машғул мешудааст: боздошти дузди чолок дар Хуҷанд
Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Инчунин, як ҳодисаи дигари дуздӣ, ки дар он ҷавондухтар айбдор мешавад, дар пойтахти Тоҷикистон рух додааст.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки санаи 6-уми августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
“Кормандони милитсия зани 23-солаи сокини кӯчаи Убайди Зоконии пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд”, - таъкид дошт манбаъ.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома доранд.