Раисиҷумҳур дар деҳоти Сари Хосор меҳмонхона ва ҳаммом ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Сари Хосор чанд иншооти нав ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии "Шайдон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои ҷудо кардани замин ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ

Бино ба гузоришит котиботи раисиҷумҳур, иншоот аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст.

Корҳои сохтмониро дар бинои “Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. 

Дар ин маркази хизматрасонии муосир беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Масоҳати умумии бино беш аз 700 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0