Фурӯшандаҳо орди пастсифат, ки бояд ба чорво дода мешуд, барои ниёзи сокинон мефурӯхтанд

© Sputnik / Джон Траст / Гузариш ба медиабонкМука. Архивное фото.
Мука. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Тоҷикстандарт" дар шаҳри Турсунзода зимни санҷиши бозорҳо 137 000 килограмм орди пастсифаи навъи дуюмро мусодира намуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии  Маркази ташхиси минтақавии "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Турсунзода давоми шаш моҳ 28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис  гузарониданд.

Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷикстандарт" дар Хоруғ маводҳои хӯроквориро ташхис намуд

Хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани ташхис, 138 тонна маҳсулоти хӯроквории  ғайристандартӣ муайян гардида шуд, ки аз ин теъдод 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад.

Аз нозирот ба идоранишинӣ: ҷазои мақомдорони “Тоҷикстандарт” баъди шикояти соҳибкорон

Гуфта мешавад, ин миқдор орд дар асоси хулосаи комиссия  барои хӯроки чорво равон карда шуд.

“Тоҷикстандарт”: нушокиҳои спиртии пастсифат бештар дар ВМКБ ошкор шудааст

Директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода изҳор дошт, ки мутахассисони раёсат дар 74 ҳолат соҳибкоронеро, ки аз иҷрои қоида оиди таъмин намудани фурӯшандаҳо бо либоси ягона сарпечӣ намудаанд, ба маблағи 18 975 сомонӣ ҷарима карданд.

Лентаи хабарҳо
0