Вазир: 146 коргоҳи нав ифтитоҳ шуду 181 корхона аз фаъолият монд

© Sputnik / Александр Коркка / Гузариш ба медиабонкЧереповецкий металлургический комбинат
Череповецкий металлургический комбинат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 923,3 миллион сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазир ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, суръати афзоиш истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба як соли пеш 112,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷакент: корхонаи оҳакпазӣ ҷарима шуд, аммо заҳролудшавии моҳиҳо номуайян боқӣ монд

“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Файзуллозода.

Вазир инчунин тавлиди  маҳсулоти нави саноатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарф­ҳои пластикӣ, фарш­ҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва санг­ҳои ороишӣ барои фасади бино хабар дод.

Ба иттилои Файзуллозода инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод.

Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Хисороти молии "Манзили дастрас" рекордӣ шуд

Инчунин тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар давоми шаш моҳ 181 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият мондааст.

Масъулин сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳоро ба таъсири омилҳои берунӣ, нарасидани ашёи хому маблағ, тамдид нашудани муҳлати иҷозатнома, мавсимӣ будани фаъолият, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, рақобат карда натавонистан, иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ ва бе омӯзиши бозори дохиливу хориҷӣ, бе хулосаи мутахассисон таъсис додани корхонаву коргоҳ рабт доданд.

Лентаи хабарҳо
0