ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаббачагони тоҷикро қадрдонӣ кард.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, рӯзи 31 июли соли равон бо фармоиши вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки мактаббачагон барои муаррифии санъати мусиқии тоҷик дар чорабинии байналмилалӣ ва ғолибият дар фестивали мазкур бо мукофотқадрдонӣ шудаанд.
Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Меҳрона Ғайбуллоева ва Чоршанбе Аловатов
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Русия Ҷашнвора-озмуни байналхалқии "Онежские волны" баргузор гардид.
Ҷумхурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз ду нафар хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев, Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон зери роҳбарии устод Шарипова Хосият муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал ва медалу ифтихорномаҳо гариданд.