ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба президенти Русия Владимир Путин барои дастгириҳо ва шароити хуби шаҳрвандонаш дар қаламрави он кишвар изҳори миннатдорӣ намудаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.
Дар ҷасалаи Шурои тамос бо ҳамватанони бурунмарзӣ, президенти Қирғизистон зикр намуд, ки шаҳрвандони зиёди Қирғизистон дар кишварҳои гуногуни дунё аз ҷумла Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ шароити муҳоҷирони қирғизистони дар Русия беҳтар гардидааст.
Дар Петербург дидори ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсуд оғоз шуд
Бо дастгирии шахсии Владимир Путин ба шаҳрвандони мо имтиёзҳои муҳоҷират ва имкони аз феҳристи сиёҳ хориҷ шудан фароҳам оварда шуд. Гузашта аз ин, ба муҳоҷирони қирғиз имкони дар русия бо шаҳодатномаи кишвари худашон фаъолият кардан дода шуд,- иборз намудаст президент.
"Ман бори дигар ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои дастгирии шахсии шаҳрвандони Қирғизистон изҳори сипос мекунам" - гуфтааст Ҷеенбеков.
Зимнан раисҷумҳур илова намуд, ки солҳои охир ҷараёни рушди ҳамкориҳои дар тамоми соҳҳаҳо бо ҳамсоякишварҳо аз қабили Русия Узбакистон ва Қазоқистон назаррас аст.