Раҳмон дар Ваҳдат бинои адлия ва маркази хизматрасонӣ барои кӯдакон ба истифода дод

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат
Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба шаҳри Ваҳдат бинои Маркази адлия ва Маркази дилхушӣ барои кудаконро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази адлияро мавриди истифода қарор доданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат аз ифтитоҳи Нишони давлатӣ оғоз ёфт

Гуфта мешавад, бинои мазкур  дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст.

Иншооти мазкур бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст.

Ба таъкиди масъулин ба кори сохтмони маркази адлия наздики 70 нафар кормандону сохтмончиён ҷалб карда шуданд.

Зимнан ҳангоми  шиносоӣ ба роҳбари давлат  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур 14 нафар кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии шаҳр ва машвартчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард.

Раҳмон ба Аврупо даъват шуд: Абдуллоҳ Раҳнамо сардии муносиботро “миф” хонд

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулин барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дар самти бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Гузашта аз ин раитсҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов  сохта шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди чунин маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ офарин хонданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1800 метр муккабро ташкил дод, аз таҳхона ва 3 ошёна иборат аст.

Гуфта мешавад бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон боздид мекунад

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ дар Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0