Дар навор сабти мудҳише дида мешавад, ки баъди ворид шудани дӯ кудак ва як наврас ба лифте, ки дар дохилаш камера насб карда шуда будааст, рӯх медиҳад. Ҳарсеи онҳо якҷо ба лифт ворид мешаванд, ресмоне дар гардани писарбача овезон аст, ки нисфи он берун аз лифт мемонад ва онҳо ба он аҳамият намедиҳанд.
Вақте, ки дарҳои лифт махкам мешаванд ва он ба ҳаракат медарояд, писарчаро, ки банд дар гарданаш буд мекашад. Ҳангоми ҳаракати лифт кудак банд, ки як қисматаш дар берун монда буд кӯдакро ба сақф кашида, овезон мекунад. Хушбахтона хоҳарбузургаш худро гум накарда ба кумаки додараш мешитобад ва хело фаврӣ ва дуруст ҳамаи ҳаракатҳоро анҷом медиҳад.
Вай лифтро аз ҳаракат боз мононда бандро аз гардани додараш мекушояд.
Баъди тамошои ин навор корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори як духтари наврас дар ҳайрат буданд. Чунки ҳаросон нашуда ҳамаи амалҳояшро дуруст анҷом медиҳад.