Вазир теъдоди занону кӯдакони тоҷик дар лагерҳои Сурияро гуфт

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкПострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа
Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон теъдоди занону ноболиғони тоҷикистонӣ дар лагерҳои Сурияро гуфт

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва як кӯдак дар лагерҳои Сурия ҳудуди 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Таджикские медики провели полную мед обследование возвращённых детей из Ирака - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд

Вазир тавзеҳ дод, ки миёни атбои тоҷикистонӣ дар лагерҳои Сурия, аз ҷумла  86 зан,  228 духтарони ноболиғ ва 240 писарони ноболиғ мебошанд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки масъалаи баргардондани шаҳрвандони кишвар зери назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.

Ӯ афзуд, ҷониби Тоҷикистон бо ҳукуматҳои Ироқ, Сурия ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин масъала ҳамкорӣ мекунаду феълан дар ин бахш гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дорад.

Ин дар ҳолест, ки нимсолаи аввали соли равон аз Ироқ гуруҳи кӯдакони тоҷикистонӣ баргардонда шуданд, ки феълан таҳти назорату тарбияти давлат қарор доранд.

Вазири умури хориҷӣ изҳор дошт, ки сафоратҳои Тоҷикистон барои гуфтушунид бо мақомдорони ин кишварҳо муваззаф шудаанд ва феълан корҳо дар ин самт идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0