ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Абдулло Навҷувонов бо намояндагони Конгресси Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Томас Гоффус, Мария Макнамара, Марк Морхаус ва Эрик Трагер баргузор гардидааст.
Навҷувонов гуфт, ки Тоҷикистон кадом шаҳрвандони "доиш"-иашро бахшид
Бино ба гузориши ВУД, дар ин дидор ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус, генерал-майори милитсия Хуршед Муҳаммадзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВУД полковники милитсия Мансур Бухоризода ва дигар шахсони расмӣ ширкат кардаанд.
Суҳбати генералҳои милиса ва амният аз ҷуръату касбият ва забони тоҷикӣ дар ВМКБ
"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти вусъат додани ҳамкориҳо ва расонидани кӯмаки техникиро дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ҳамчунин оид ба натиҷаҳои татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ ва самаранокии онҳо дар таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ табодули афкор сурат гирифтааст.