Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Шамсулло Саъдуллоев

Обуна шудан
Роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида будааст ва аҳолӣ дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар чорчӯби сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист, ошно шудааст.

Тавре котиботи раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.

"Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Роҳи тоҷик" бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсозӣ пурра ба инобат гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон подарил ключи от квартир десяти семьям - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба 10 оилаи камбизоат калиди манзилҳои сохтаи соҳибкорро тақдим кард

Гуфта мешавад, ки роҳи навтаъмир маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад.

Раҳмон дар Ваҳдат бинои адлия ва маркази хизматрасонӣ барои кӯдакон ба истифода дод

Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ аҳолӣ, хосса ронандаҳо дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд.

Ҳоло бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳои ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев изҳори миннатдорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0