Узбакистон муҳоҷиронашро, ки шаҳрвандони тоҷик онҳоро ғулом намуданд ба ватан мефиристад

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкПосадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии муҳоҷирати меҳнатии Узбакситон дар Русия ба имдоди муҳоҷирони узбак, ки дар манотиқи назди Маскав гирифтори ғуломӣ шуданд, расидагӣ намуд

ДУШАНБЕ, 1 август— Sputnik. Бар хабари Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Узбакистон, ҳукумати ин кишвар саъй дорад то дар кӯтоҳтарин фурсат 14 муҳоҷире, ки ба доми фиреби ду шаҳрванди Тоҷикистон афтоданд, ба ватанашон истирдод намояд.

Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон
Модару писари тоҷик дар ғуломсозии муҳоҷирон муттаҳам мешаванд

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Узбакистон моҳи июни соли равон дар ноҳияи Серпухова аз ҷониби ду шаҳванди Тоҷикистон: модар ва писар фиреб хӯрда ғуломвор дар заминҳои  кишт бемузд кор мекарданд.

Муовини вазир: муҳоҷират зиёду бозгашт кам шудааст

Сардори дафтари матбуотии Раёсати умури дохилаи Русия дар вилояти Маскав  Татяна Петрова афзуда буд, ки  вақте муҳоҷирон омаданд, онҳоро дар як хонаи ҷӯбӣ ҷой дода, модари ҷавони корфармо шаҳодатномаашонро барои бақайдгирии муваққатӣ ва гирифтани иҷозатномаи корӣ аз онҳо гирифта пинҳон намудааст.

Муҳоҷирони фирефташуда маҷбур буданд, ки ба таври ройгон кор кунанд.

Вазорати меҳнат ихтилофи омори Тоҷикистону Русияро дар бораи теъдоди муҳоҷирон шарҳ дод

Зимнан манбаъ хабар медиҳад, ки ҷаҳор нафар аз ин муҳоҷирон фирор намуда ба кормандони милитсия шикоят бурданд.

Гуфта мешавад, алъон ин ду нафар  шаҳрвандони тоҷикистонӣ, тибқи моддаи 127.2 қисми 2 Кодекси Ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешаванд. Тафтишот барои ҳабси онҳо ба додгоҳ дархост ирсол намудаст.

Лентаи хабарҳо
0