ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Ин нуктаро раиси Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам бо хушнудӣ иброз дошт, ки аз ҷумла шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 67 медал зиёд аст.
Қаҳрамонии Осиё: варзишгари тоҷик сазовори мақоми намоён шуд
Аҳтам Абдуллозода дар мавриди омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз ҷумла иброз дошт, ки миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 5 федератсияи варзишӣ нақшаҳои омодагии сеҷониба ба имзо расидааст ва варзишгарон дар асоси он ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва литсензионӣ сафарбар мегарданд.
Паҳлавони тоҷик Фирӯз дар Қаҳрамонии Осиё медали тилло гирифт
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар бо унвони "Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", 63 нафар бо унвони "Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", 5 нафар бо унвони "Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ", 2 нафар бо унвони "Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 4 нафар бо унвони "Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардиданд.