ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон оид ба ҷудо, ки 27 июл дар Тайпейи Чин оғоз гардида буд, рӯзи 30 июл ба анҷом расид.
Бино ба гузориши кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишкори тоҷик Шарифҷон Назриев дар ин сабқат соҳиби медали нуқра гарид.
"Назриев дар вазни -100 кг дар даври аввал озод буду, сипас бар варзишгари Қирғизистон Оразбек Алмазбеков ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар ин давр варзишгари Қазоқистон Бекарис Садуакасро шикаст дод, вале дар даври ниҳоӣ аз намояндаи Эрон Алӣ Парҳезгор мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гашт", - омадааст дар хабарнома.
Дар вазни -81кг варзишгари дигари мо Оламафрӯз Абдураҳмонов ҷои панҷумро ишғол намуд. Оламафрӯз бар варзишгари Кувайт Муҳаммад Албатҳалӣ пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон Нурбек Ортай шикаст хурд.
Ӯ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш бо Риҳарӣ Ики аз Австралия дастболо шуда, аммо дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Вуҷин Чоӣ натавонист пирӯз гардад.
Ду варзишгари дигари тоҷик – Эмомризо Анварзода (-90кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (-100кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон 170 варзишгар (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок карданд.