ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Борҳо вазирону мансабдорон ва вакилон барои суҳбат ба забони лаҳҷавӣ ё умуман риоя накардани меъёри забони давлатӣ, дар сархати расонаҳо қарор гирифтаанд.
Ин масъаларо имрӯз зимни нишасти хабарӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода шарҳ дод.
Ба савол дар бораи беаҳамиятии барххе аз мансабдорон, аз ҷумла муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, Шарофзода посух дод, ки ин ислоҳшаванда аст.
"Фикр мекунам, ин ислоҳшаванда аст", - гуфт, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода.
Шарофзода роҳи ҳалли ин масъаларо низ нишон дод.
Ӯ гуфт, Кумита оғоз аз ин рӯз ба унвони вазирону мансабдороне, ки наметавонанд озодона фикри худро ба забони давлатӣ баён кунанд, мактуби вижа равон мекунанд.
"Мо ба унвони вазирону мансабдороне, ки шумо зикр кардед, мактуб равон мекунем", - гуфт Гавҳар Шарофзода.
Умед Ҷайҳонӣ ҷойгузини “шустушӯи нақлиёт”-ро пешниҳод кард
Ба гуфти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон то даме, ки рӯзноманигорон ба забони тоҷикӣ арҷ нагузоранду ғалат бинависанд, мардум ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ нахоҳанд гузошт.