Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПлощадь Регистан в Худжанде, архивное фото
Площадь Регистан в Худжанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 39-44 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттлиои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    25+30  дараҷа гарм мешавад.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 30+42  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0