Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав сиёсати хориҷии Тоҷикистонро фаҳмонд - акс

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифа саҳмашонро дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ мегузоранд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ба Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз сафирони Қазоқистон Аскар Таджибаев, Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Покистон Имран Ҳайдар, Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили эътимоднома супоридаанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳур имрӯз, эътимодномаи сафири Куриё Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина Самир Веладзик, Колумбия Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия Грейм Михан ва  Эфиопия Гирма Тамесген Баркессаро қабул кардааст.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча новых послов с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав сиёсати хориҷии Тоҷикистонро фаҳмонд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Встреча новых послов с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ҳамаи сафиронро барои оғози иҷрои вазифа дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умед  намудааст, ки сафирони навтаъин дар фаъолияти самараноки дипломатиатии худ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

"Дар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистоқлолӣ сиёсати фаъоли хориҷии дарҳои боз пеш гирифта шуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад", - гуфтааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифа саҳмашонро дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0