Қаҳрамонии CAFA-2019: мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон вориди сабқат мешаванд

© Мемориал Валентина ГранаткинаСборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге
Сборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯз шудан бар тими Туркманистон, имрӯз бо мунтахаби футболбозони Эрон вориди майдон мешаванд

 ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Имрӯз мунтахаби зери 16 солаи Тоҷикистон дар Қаҳрамонии CAFA-2019 бозии муҳими худро бар муқобили мунтахаби Эрон баргузор мекунад.

Сборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Ғалабаи дуюми футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии CAFA-2019

Бар хабари Кумитаи миллӣ олимпии Тоҷикистон, қаблан шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо тимҳои Ӯзбекистон (1:1), Қирғизистон (2:0) ва Туркманистон (3:0) дидор анҷом дода буданд.

Футболбозони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Арабистони Саудӣ сафар карданд

Бозии имрӯза барои яккачини Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, чарои ки дар сурати пирӯзӣ бар мунтахаби Эрон онгоҳ имкони ғолиб  шудан дар  қаҳрамонии CAFA-2019  бештар мегардад.

Дар ҳамин рӯз Афғонистон бо Ӯзбекистон ва Туркманистон бо Қирғизистон рӯ ба рӯ мешаванд.

Футболбозони тоҷик бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд

Дар айни замон тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо касби 7 холӣ дар зинаҳои якуму дуюм қарор доранд.

Дар ҷои сеюм бошад, Эрон бо дарёфти 6 имтиёз мавқеъ касб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0