ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии сеюми худ дар доираи Қаҳрамонии кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ миёни футболбозони 16 сола бар Эрон пирӯз шуданд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Қаҳрамонии CAFA-2019: мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон вориди сабқат мешаванд
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба самар расониданд.
Бозии ояндаи худро Тоҷикистон бо Афғонистон санаи 1-уми август доир мекунад. Маврид ба зикр аст, ки барои наврасони тоҷик танҳо як имтиёз лозим аст то ин ки дар мусобиқаи мазкур қаҳрамон шаванд.
Бозии ҳалкунанда: Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз вориди майдон мешаванд
Бозии дигар байни тимҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди яккачини Ӯзбекистон хотима ёфт.
Дар айни замон мунтахаби кишвар бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад.