Сабт дар интернет, нуқта дар карйераи сиёсӣ: Ғафурзода аз беодобии мансабдорон гуфт

© акс аз сомонаи Донишкадаи идоракунии давлатии ТоҷикистонАбдухалил Ғафурзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон
Абдухалил Ғафурзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдухалил Ғафурзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ҳолати муомилаи беодобонаи мансабдорони тоҷик метавонад, дар карйераи сиёсияшон нуқта гузораду мояи шармандагии оммавияшон шавад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ғаффурзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол аз дағалию ҳавобаландии мансабдорони Тоҷикистон гуфт, ҳеч  нафаре, ки ба вазифа таъин шудааст, аз осмон нафаромадааст.

Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳиши худ: судяҳои шаҳрӣ аз вазифа озод шуданд

Ба иттилои ректор, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар бори таъини ин ё он нафар ба мақоми давлатӣ таъкид мекунад, ки содиқонаю самимона ба халқ хизмат кунанд.

Ӯ зикр кард, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш гуфт, хизматчии давлатӣ бояд ба халқ хизмат кунад, на халқ ба хизматчии давлатӣ. Ба гуфтаи Ғафурзода зимни такмили ихтисос, ки ҳудуди 3,5 ҳазор хизматчии давлатӣ фаро гирифта мешаванд, ҳатман таълими Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, одоби муоширати касбӣ, санъати суханварӣ таълим дода мешавад.

“Мефаҳмонем, ки бародари азиз имрӯз асри технология аст. Имрӯз як одобу муоширати безеби туро тавассути телефон сабт карда, дар воситаҳои интернетӣ мегузоранд, ҳам ба карйераи сиёсӣ нуқта гузошта мешавад, ҳам дар одаму одамгарӣ”, - тавзеҳ дод ӯ.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро намунаи ибрат барои мансабдорони дигар хонд.  

“Мо имрӯз роҳбари давлат дорем, ки на танҳо мактаби давлатдории худро дорад, балки одобу рафтори роҳбари давлат барои мо дарси ибрат аст”, - таъкид кард Абдухалил Ғафурзода.

Лентаи хабарҳо
0