ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, телескопи расадхонаи Санглох гарчанде қутри якметрӣ дорад, ба далели иқлими хуби оптикӣ ва минтақаи ҷуғрофии қуллай вазифаҳоеро иҷро карда истодааст, ки телескопҳои қутрашон 6-метрӣ анҷом медиҳанд.
“Вазифаю корҳои илмӣ – таҳқиқотие, ки мо тариқи телескопи Санглох пеш мебарем, баробар ба телескопҳои қутрашон то 6 метрӣ мебошад”, - иттилоъ дод президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мушоҳидаи як кометаеро зикр кард, ки аз кураи замин дар масофаи 34 триллион километр ҷойгир мебошад.
Ӯ таъкид намуд, ки феълан олимони тоҷик ҷирмҳоеро дида истодаанд, ки берун аз галактикаи мо мавҷуданд.
Ба иттилои Раҳимӣ, айни ҳол ситорашиносони тоҷик ҳамроҳ бо ҳамтоёнашон аз расадхонаи Қрим ситораи наверо мушоҳида доранд, ки дар ҳолати пайдоиш мебошад.
Нур мебароранд, хомӯш мешаванд ва зудии нурбарорӣ зиёд гардида, ситораи нав пайдо мешавад, тавзеҳ дод президенти Академияи илмҳо ва изҳори боварӣ намуд, ки ситораи нав ба зудӣ дар коиноти бузург ба нурафканӣ оғоз мекунад.
Фарҳод Раҳимзода изҳор дошт, ки дастовардҳои илмӣ дар расадхони “Санглох” зиёд ва ҷоллиб буда, ин телескопи расадхона 300 шаб дар як сол фаъолоият мекунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи президенти Академия ин нишондод дар расадхонаи дигар 130 шабро ташкил медиҳад.