Фурӯшандаҳои асосии яхмос дар Тоҷикистон муайян шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешПокупка мороженого в жаркий день
Покупка мороженого в жаркий день - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми ним сол, дар вилояти Суғд 459,4 тонна яхмос истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 53,8 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ба муносибати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар майдони назди Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд, Ҷашнвораи яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилоят, Хол Ҳайдар, муовини якуми раиси вилоят зимни иштирок дар чорабинӣ қайд намудааст, ки тахминан 83 фоизи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар вилоят аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби зулол" ва истеҳсоли 43 фоизи яхмос дар ҳудуди вилоят ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Яхмоси 33" рост меояд.

Ҳавои гарм дар шаҳр - Sputnik Тоҷикистон
Фаввора ва яхмос: чӣ гуна сокинони Хуҷанд аз гармӣ паноҳ меҷӯянд

Дар баробари ин соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъиятҳое мавҷуданд, ки барои аз 5 то 10 нафар шахсон ҷои корӣ ташкил намуда, айни ҳол дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 459,4 тонна яхмос истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 53,8 тонна зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки 49 фоизи яхмоси истеҳсолгардида дар се корхонаи саноатӣ ва боқимонда 51 фоизи дигар дар коргоҳҳои хурди соҳибкорони инфиродӣ истеҳсол шудааст.

Дар ин давра ҳамзамон 2,7 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол гардидааст. Бузургтарин корхонаи соҳа – ҶСП “Оби зулол”-и шаҳри Истаравшан аст, ки 2,2 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан дар он истеҳсол шудааст.

Дар бахши обҳои ташнашикани Ҷашнвора ҷойи аввал насиби ҶСП "Оби зулол" - и шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ҶСП "Евро - Азия - 2005" - и шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ҶДММ "Оби ширин" - и шаҳри Хуҷанд гардидааст.

Дар бахши истеҳсоли яхмос ҷои аввалро ҶСП "Яхмоси 33", ҷои дуюмро ҶДММ "Дӯстӣ Амирхон" - и шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Умаров соҳиб шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки ба ғолибони диплому сипосномаҳо супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0