ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Имрӯз, 28 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом ёфт.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарвари давлат аз шаҳри Чолпон-Ота ба шаҳри Душанбе баргаштааст.
"Дар фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гусел намуд", - омадааст дар хабарнома.
Робитаҳои бародаршаҳрӣ: Раҳмону Жээнбеков музокироти марзиро ҷамъбаст карданд
Ёдрас мешавем, ки дирӯз сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳамчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.
Ба гузорити котиботи президенти Қирғизистон, Жээнбеков гуфтааст, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон музокироти таърихӣ рух дод.
"Чунин рухдод аз оғози таърихи мустақилияти кишварамон то кунун рух надода буд. Бовар дорам, ки вохӯрии мо барои таҳкими муносиботи дуҷониба такони хубе хоҳад шуд", - қайд кардааст Сооронбой Жээнбеков.
"Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд", - омадааст дар гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.