Фарҳангиёни тоҷик ба Урупо мераванд

Обуна шудан
Ин масъаларо вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо мудири Дафтари намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон хонум Криста Пиккат баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода рӯзи 22 июл бо мудири Дафтари намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Алматои Қазоқистон хонум Криста Пиккат вохӯрдааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ва ворид намудани ҷашнвораи 5500-солагии Саразм ба ҷашнвораи ҷаҳонии ЮНЕСКО баррасӣ шудааст.

"Ҷонибҳо имконияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба дастовардҳои ёдгориҳои таърихии кишварҳои минтақа дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли ҷорӣ, инчунин ташкили чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги халқи тоҷик ба кишварҳои Урупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд", - омадааст дар хабарнома. 

Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс

Манбаъ афзуда, ки сӯҳбат дар фазои хушу дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати инкишоф ва рушди минбаъдаи муносибатҳо омодагии хешро дар мавриди андешидани ҷораҳои амалӣ изҳор намудаанд.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Лентаи хабарҳо
0