ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бар хабари мудири Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои дунё аз харид намудани ҳавопаймои навъи 737 MAXаз ширкати Boeing даст кашиданд.
Манбаъ зикр намуд, ки қаблан ҳам ширкатҳои ҳавонавардии "Сомон Эйр"- и Тоҷикистон аз ин навъи ҳавопаймо истифода намебурданд.
Навори мудҳиши суқути ҳавопаймои Boeing 707 дар Эрон - Навор
Икромзода тавзеҳ дод, ки агар чи ширкати "Сомон Эйр" барои харид намудани ин навъ ҳавопаймо бо ширкати Boeing шартнома имзо намуда буд, вале баъди пайдо шудани мушкил дар чанд ҳавопаймои мазкур ин шартнома ба мавқуф гузошта шуд.
"Тамоми дунё аз истифодаи ин ҳавопаймо даст кашидааст. То замоне, ки аз ҷониби комиссияи махсусе, ки садамаҳоро тафтиш мекунад, хулосаи ниҳоӣ нашавад, Тоҷикистон аз ин ҳавопаймо истифода намебарад", - гуфтаст Субҳонзода.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол ширкати Garuda-и Индонезия 49 фармоишашашро аз ин навъи ҳавопаймо лағв карда, ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон низ 10 фармоиши худро ихтисор кардааст.