ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлати Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва инчунин маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хосса кандакорон, кулолгарон ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу тамъ беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон ба маҳсули меҳнати сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд дода, Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар ҳама бахшҳо ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд
Дар Исфара замони мулоқоти Раҳмон ва Жээнбеков роҳҳо масдуд мешаванд
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара сафар намуда, бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот намуд.
Бояд гуфт, ки Раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ
Гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Қирғизистон сафар намуда аз Иссиқ-кӯл боздид мекунад.
Дафтари матбуоти роҳбари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сафари Раҳмон ба Қирғизистон то 28- уми июл тӯл мекашад.