ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлати Тоҷикистон, дар назар аст раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар анҷом диҳад.
Бар хабари манбаъ, сафари роҳбари давлат ба Ҷумҳурии Қирғизистон аз 26 то 28- уми июл давом меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: нахустин иқдомоти раисиҷумҳур дар марз
Зимнан Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад, ки барои таъмин намудани амнияти роҳбарони давлат аз 26 то 28- уми июл шоҳроҳи Иссиқ-кӯл барои рафтуойи нақлиёт масдуд хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар роҳҳое, ки ба самти Иссиқ-кӯл мебаранд, гузаргоҳҳои иловагӣ гузошта шуд, қувваҳои изофии ҳарбӣ низ ҷалб карда мешаванд, гуфта шудааст дар хабари дафтари матбуотии президенти Қирғизистон.
Дар Исфара замони мулоқоти Раҳмон ва Жээнбеков роҳҳо масдуд мешаванд
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Соорнбой Жээнбеков доир мегардад.