Додгоҳи Русия ҳукми 8 шаҳрванди Тоҷикистонро эълон мекунад: рӯйхати айбдоршавандаҳо

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкил намудани гурӯҳҳои ҷиноӣ ва савдои маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситони кулли Русия дар қиболи даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдавия барои ташкил намудани гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳамзамон тиҷорати маводи  мухаддир ҳукм эълон мекунад.

Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Дар Брянск муҳоҷири тоҷик ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд

Бар хабари додситони Русия дар курсии айбдоршавандаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон: Шаҳобиддин Сафаров, Муниса Гулзода, Фирдавс Сафаров, Раҳмоналӣ Салимов, Парвиз Абдуғафорзода,Сафовиддин Ҳаитов, Фаррух Аҳмадов, Дилшод Дадобойзода ва ҳамчунин шаҳрвадони Молдавия Андрей Унту ва Ирина Мушинский қарор доранд, ва гунаҳкор будани онҳо дар содир намудани ҷурмҳои номбуршуда собит гардидаст.

Манбаъ таъкид мекунад, ки боздоштшудаҳо дар ташкил намудани гурӯҳи ҷиноӣ ва тиҷорати маводи мухаддир дар ҳаҷми калону миёна айбдор дониста мешаванд.

"Аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи октябри соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдавия ба фурӯш ва паҳн намудани маводи сахттаъсири героин машғул будаанд",- омаддаст дар хабари додситонӣ.

Зимнан хабар дода мешавад, ки боздоштшудаҳо маводи мухаддирро бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуда,  дар шаҳри Маскав ва навоҳии атрофи шаҳр, онро паҳн мекарданд. Харидорон маблағи героинро ба корти электронии ин савдогарон ирсол медоштанд.

Додгоҳи Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро 21 сол зиндон кард: рӯйхати маҳкумшудагон

Додситони Русия қайд намудааст, ки аснои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдавия дар манзили ба иҷорагирифташон аз онҳо ба миқдори 9 килограм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Лентаи хабарҳо
0