Панҷ зан 47 мардро олудаи ВНМО кардаанд: афзоиши ҷинояткории занон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЛаборатория иммуноферментных исследований, архивное фото
Лаборатория иммуноферментных исследований, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идораи кор бо занон ва оила дар Суғд шумори ҷинояткории  занонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Нигора Ғаффорзода, раиси идораи кор бо занон ва оилаи Суғд дар посух ба суоли хабарнигорон, омори ҷинояткории занонро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Суғд, 556 мавриди ҷиноят аз сӯи занон содир шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта, 219 ҳолат зиёд будааст.

Символ всемирного дня борьбы со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

Бо ироаи ин рақам Ғаффорзода гуфт, ки баъзе аз занҳо дидаву дониста даст ба ҷиноят зада, дар олудасозии мардҳо ба бемориҳои сироятӣ  боис шудаанд.  

Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Бино ба иттилоъи ин ниҳод, ҷиноякории занон дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бӯстон ва Хуҷанд дар ҳоли афзоиш  аст.  

“Масалан, дар шаҳри Хуҷанд, 142 ҳолати ҷиноят бо иштироки занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 79 адад зиёд мебошад. Мо инро таҳлил карда баромадем ва маълум шуд, ки 47 ҳолати ин ҷиноятҳо, танҳо аз ҳисоби 5 зан содир шудааст, ки дидаву дониста барои сироят кардан ба ВНМО ҷавобгар мебошанд, - гуфт Ғаффорзода.

Раёсати идораи кор бо занон ва оила дар Суғд, гуфт, шуморе аз ҷиноятҳо марбут ба дуздӣ ва қаллобӣ буда, дар ин давра 25 ҳолати  қаллобӣ, аз ҳисоби 8 зан содир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0