ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар остонаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлол дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар ин бора имрӯз раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Бино ба маълумоти Акрамзода, майдонҳои Парчаму Нишон дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, айни ҳол сохтмони онҳо бомаром ҷараён доранд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 28 садяк бо баландии 45 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр мавриди истифода қарор мегиранд. Дар атрофи онҳо инчунин гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бунёд мешаванд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ зикр кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 414 иншоот бунёд мегарданд.
Соли 2018 54 иншоот, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрсонӣ, 3 адад майдонча ва толорҳои варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 4 адад дигар намуди иншоот ба истифода дода шуданд.
То охири соли 2019 аз 414 иншоот 183-тои он бояд мавриди истифода қарор гиранд. Давоми 6 моҳи соли равон 56 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.