Маркази тадқиқоти стратегӣ аз мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон умеди зиёд доранд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ таъкид намуданд, ки аз мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо мақомоти ду кишвар балки сокинони минтақаи назди марзӣ низ умеди зиёд бастаанд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Павиз Муҳамадзода, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки вохурии Эмомал Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбеков, имкон медиҳад мушкилоти марзи ба зуди ҳал карда шавад.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар марз

Ба гуфтаи вай, мавзӯи марз яъне аломатгузории сарҳад масъалаи хоси Тоҷикистони пас аз истиқлолият нест, балки ин баҳс аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Ин масъала яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст, ки бояд ба зуди ҳалли худро пайдо намояд.

“Кишварҳо талош доранд, ин масъаларо ҳар чӣ зудтар ҳал намоянд. Гуруҳҳои ҳукуматие, ки ба ин мавзӯъ сару кор доштанд ва корҳои зиёдеро ҳам анҷом доданд аз вохурии имрӯза умеди зиёд доранд”, -гуфт ӯ.

Вай инчунин зикр намуд, ки мардуми ду кишвар умедвор ҳастанд, ки дар вохурии мазкур тарафҳо ба натиҷае расанд ва ин масъала  қотеъона ҳалли худро пайдо намояд.  

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳарду ҷониб дар вохурӣ барои ҳифзи манфиатҳои як дигар талош хоҳанд кард

Вай афзуд, зимни мулоқоти роҳбарони ду кишвар, эҳтимоли ба имзо расидани созишномаи аломатгузорӣ дар назар дошта шудааст.  

“Мо умедҳои калон дорем ба ин вохурӣ”, - қайд намуд Павиз Муҳамадзода, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0