ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маоши миёна дар кишвар феълан 1 ҳазору 350 сомонӣ, муодили 143 доллари амрикоӣ мебошад.
Ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 151 сомонӣ - ҳудуди 15 доллар, ё 12,6 дарсад бештар мебошад, гузориш додааст ТоҷикТА аз қавли Сангинзода.
Манбаъ афзуд, ки музди болотаринро кормандони саноати истихроҷ мегиранд.
“Музди моҳонаи кормандони саноати истихроҷ 2 ҳазору 609,7 ҳазор сомонӣ - 276,5 доллар аст”, - изҳор доштааст муовини аввали вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Сангинзода инчунин иттилоъ додаст, ки кормандони бахши сохтмон ҳудуди 2 ҳазору 536,8 ҳазор сомонӣ, кормандони соҳаи барқу обрасонӣ ба ҳисоби миёна 2 ҳазору 74,8 сомонӣ маош доранд.
Бар асоси омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, музди моҳонаи кормандони кишоварзӣ, шикор ва ҷангалдорӣ 539 сомонӣ - 57,1 доллар буда, ин музди пасттарин дар кишвар мебошад.