Эмомалӣ Раҳмонро дар Иссиқкӯл чӣ гуна пешвоз гирифтанд? - акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ҚирғизистонИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии вилояти Иссиқкӯл гузориши аксӣ нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл истиқбол гирифта, бо ҳайати кишвари мизбон шинос намудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки 27 июл музокирот дар масоили марзӣ миёни роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Чолпон-Ота дар назар аст.

1/9
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

Тибқи гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

Қабл аз ин сафар имрӯз дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Раҳмон ва Жээнбеков ва музокироти васеъ бо ширкати роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуда буд

Бар асоси иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0