Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

© Sputnik / Карен ЕпремянПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Рӯзи 26 июли соли равон, Эмомалӣ Раҳмон пас анҷоми сафари кории худ ба вилояти Суғд ва боздид аз шаҳри Исфара ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Қирғизистон сафар кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

Ёдрас мешавем, ки имрӯз имрӯз дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Раҳмон ва Жээнбеков ва музокироти васеъ бо ширкати роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем

Лентаи хабарҳо
0