Раҳмон Жээнбековро ба марз даъват кард

Обуна шудан
Дидори раисҷумҳурони ду кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Интизор меравад, фардо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими Исфара шавад.

Автомобильная дорога, ведущая к городу Худжанду-Исфаре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи Исфара-Ворух боз шуд

Дар ин бора роҳбари Шуъбаи байналмиллалии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дониёр Сидиқов хабар дода  афзуд, ки мулоқоти роҳбарони ду давлат тибқи нақшаи тарҳрезишуда  сурат мегирад.

Дониёр Сидиков қайд намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла раванди аломатгузории хати марз дар меҳвари баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Зимнан роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ва таҳкими ҳамсоягӣ ва дӯстии мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Дидори раисҷумҳурони ду кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Ҳудуди 600 нафар сокинони маҳали даргир дар марзро ба ҷойҳои амнтар интиқол доданд

Рафтуомад аз маркази шаҳри Исфара ба самти ҷамоати Ворух сар аз субҳи панҷшанбеи 25 июл аз сар гирифта шуд. Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқишаи рӯзи 22 июл, қатъ шуда буд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки боз шудани роҳ, натиҷаи музокироти дурӯзаи мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0