ДУШАНБЕ, 25 июл - Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин дидор ва мулоқот намуд.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ дода афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот Путин бо Отамбоев масоили вазъияти феълии Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуд.
Президент Путин иброз намудаст, ки барои мулоқот бо раисҷумҳурони феълӣ ва собиқ роҳбарони давлат ҳамеша омода аст.
Зимнан раисҷумҳурии Русия афзудаст, ки шаҳрвандони Қирғизистон барои пешрафти кишварашон бояд гирди роҳбари кунунии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҷамъ оянд.
Ба умеди худ, Худо ва дӯстон: Отамбоев гуфт, ба Русия меравад - видео
Сафари Отамбоев ба Русия ва мулоқоти ӯ бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ давоми ҳафтаҳои ахир се даъвати тафтишотро барои посух додан ба саволҳои додситонҳо нодида гирифа буд.
Ёдовар мешавем, ки Порлумони Қирғизистон 27 июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.