ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кормандони милитсияи шаҳри Исфара марди 24 солаеро дастгир намуданд, ки дар куштори марди 34-сола гумонбар дониста мешавад.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 238 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод
Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда, рӯзи 24-уми июли соли равон, тахминан соати 11:00, дар гузаргоҳи роҳи оҳани қитъаи "Суғдироҳ", воқеъ дар кӯчаи А.Ҷӯраеви шаҳри мазкур бо рафиқаш, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст.
Хоҳарчаамро ҳанӯз нагирифта, маро хусурбача мегуфт: куштор дар шаби тӯй дар Хатлон
Масъулини ВУД- и Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Муҳоҷирон “скинхед”-ро ҳангоми ба куштор даст заданаш дастгир карда, ба пулис супурданд
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, тафтишот идома дорад.