ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи гузориши видеоии ВУД, муттаҳам Насимҷон Раҳмонов, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки дар куштори Маҳтобзода Низомиддин, соли таваллудаш 1981, шаҳрванди ҷумҳурии Афғонистон айбдор мешавад.
Манбаъ афзуд, ки Раҳмонов бинобар муносибати маҳрамона доштани Маҳтобзода бо ҳамсараш даст ба ҷиноят задааст.
Бар асоси гузориш, ҳодиса 11 июли соли равон дар даромадгоҳи бинои истиқоматии навбунёд дар кӯчаи Неъмат Қарабоев рух додааст. Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ муайян кардааст, ки Раҳмонов дар даромадгоҳи бинои навбунёд ба Маҳтобзода ҳамла карда, ӯро бо зарби оҳан – “арматура” ба қатл расондааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан Раҳмонов дар боздошт қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми одамкушӣ алайҳи ӯ идома дорад.