Собиқ муҳосиби “Султони Кабир”: сардори нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ кист - акс

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулмаҷид Муминзодаи 40-сола, ки имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин шуд, солҳои зиёд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор карда, соли 2011 ҷойгузини роҳбараш - Рустами Эмомалӣ дар мақоми сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ шуда буд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Муминзода моҳи майи соли 1979 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ - менеҷер  ва соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст.

Кадровые перестановки в правительстве Таджикистана 22 июля 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон пас аз се моҳи кор сардори Хадамоти зиддиинҳисориро озод кард

Бар асоси иттилои сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Муминзода, оиладор, забони русиро медонад, то ҳол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз нашудааст.

Манбаъ афзудааст, ки Муминзода баъди хатми Донишгоҳи андоз, фаъолияти корияшро ба ҳайси муҳосиб дар ширкати “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 2003 дар ин мақом кор кардааст.

Ӯ аз соли 2003 то2006 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи дастгирии давлатии соҳибкории Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Солҳои 2007 – 2011 сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии сооҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ кор карда, соли 2011 ҷойгузини Рустами Эмомалӣ дар мақоми сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ шуд ва то соли 2014 дар ин мақом фаъолият кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз таъини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ то барканории Одиназода Назар

Баъдан Муминзода ба Хадамоти гумрук гузашта, аз соли 2014 то 2016 ба ҳайси сардори шуъбаи назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии ин Хадамот кор кардааст.  Аз соли 2016 то замони таъинаш ба мақоми сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Муминзода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидии кишвар ба шумор меравад, ки назорати нархҳоро ба уҳда дошта, нархномаҳои ниҳодҳои гуногунро ба тасвиб мерасонад. Ин ниҳод ахиран барои дастури болобарии нархи интернет дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифта буд ва баъди вокунишҳои зиёд қарори Хадамот аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бекор карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0